Дар инҷо бархе аз ҷолибтарин аксҳои ҳафтаи нуздаҳуми соли 2025 аз саросари минтақаҳои таҳти пӯшиши Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро мебинед.
Аксҳои ҳафта аз саросари минтақаҳои таҳти бозтоби Радиои Озодӣ

13
Аксе, ки аз сӯи хабаргузории расмии вобаста ба ҳусиҳои Яман дар рӯзи шашуми май нашр шуд, як мошини оташнишониро дар ҳоли хомӯш кардани оташ дар Фурудгоҳи байналмилалии Санъо пас аз ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангии Исроил, нишон медиҳад.

14
Сокинони маҳаллӣ пас аз мушакпаронии Покистон ба Кашмири таҳти контроли Ҳинд дар рӯзи 9 май.

15
Донишомӯзон рӯзи ҳафтуми май дар монёври дифои умумӣ, ҳамзамон бо афзоиши танишҳои марзӣ бо Покистон, дар мактабе дар Калкаттаи Ҳинд дар як тамрин иштирок карданд.

16
Ширкаткунандагон дар ҷараёни як раҳпаймоӣ дар Санкт-Петербург ба муносибати Рӯзи 9 май. Рӯзе, ки Русия солгарди шикаст бар Олмонро дар Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ҷашн мегирад.