Феълан онҳо дар боздоштгоҳи рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд. Яке аз пайвандон рӯзи 13-уми май ба шарти нашр нашудани ному насабаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшудаҳо ҳангоми пардохти ҳаққи патент дастгир шудаанд, зеро номҳояшон дар рӯйхати ҷустуҷӯи мақомоти тоҷик қарор доштааст. Ба нақли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, дар бораи мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанашон онҳо аз пеш хабаре надоштанд.
Ӯ афзуд, ки ҳарчанд ба боздоштгоҳи Душанбе либосу ғизо мебаранд, то ҳол иҷозати мулоқот бо наздиконашонро нагирифтаанд. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт: «Фақат ба мо гуфтанд, ки тафтишоти пешакӣ идома дорад, аммо ҳанӯз намегӯянд, ки бо чӣ ҷурм айбдор мешаванд.»
То ҳол мақомот боздошт ва истирдоди чаҳор сокини Язгуломро расман на тасдиқ ва на рад кардаанд.
Бино ба иттилои дарёфтшуда, боздоштшудаҳо сокинони деҳаи Будуни ҷамоати Язгулом буда, барои таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон дар Русия кор мекардаанд.
Бар пояи маълумоти Радиои Озодӣ, аз моҳи июни соли гузашта то имрӯз даҳҳо сокини ҷамоати Язгулом аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шудаанд.
Рӯзи 9-уми март мақомоти амниятии Тоҷикистон дар маҳаллаи "Дарвоз"-и Душанбе беш аз 20 нафарро боздошт карда буданд. Аз ин гурӯҳ танҳо як нафар баъдан озод шуд. Хабари боздошти гурӯҳӣ рӯзи 12-уми март расонаӣ гашт, аммо мақомот то ҳол тавзеҳи расмӣ надодаанд.
Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки бештари боздоштшудаҳо хешу табори ҳам будаанд ва, ба гуфтаи онҳо, «барои анҷоми амалҳои террористӣ дар Тоҷикистон омодагӣ медиданд». Маълум нест ин чӣ иттиҳом аст, бар пояи чӣ асос ёфтааст ва далели мақомот бар чӣ асос ёфтааст.
Наздикони боздоштшудаҳо ин иттиҳомро рад мекунанд.
Бори аввал нест, ки сокинони Язгулом ба таври гурӯҳӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд.
Моҳи декабри соли 2024 Додгоҳи Олии Тоҷикистон 31 сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро бо иттиҳоми фаъолияти ифротгароӣ аз 2 то 23 сол маҳкум ба ҳабс кард.
Гуфтугӯ