Додситонӣ дар вилояти Суғд дастикам панҷ масъули идораи барқро бо иттиҳоми азхуд кардани маблағи истифодаи барқ боздошт кардааст. Ба иттилои мақомот, ин афрод ба рӯйпӯш кардани истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва гирифтани ҳудуди 8 миллион сомонӣ аз сокинону соҳибкорон гумонзад ҳастанд. Назари афроди боздоштшуда ва наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.
Бахтиёр Нозимзода, додситони шаҳри Хуҷанд охири ҳафтаи гузашта дар вохӯрӣ бо сокинону фаъолони маҳаллаҳои шаҳр гуфтааст, чанд мансабдори Шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияи Спитамен, шаҳрҳои Истаравшан ва Хуҷанд рӯзи 17 -уми апрел дастгир шуданд ва нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст”.
Ба гуфтаи Нозимзода, танҳо дар се моҳи аввали соли равон “5 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 72 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар давоми соли 2024 якуним милион сомонӣ барои барзиёд истифода кардани барқ аз сӯи бештар аз 40 муштарӣ ошкор карда шуд, ки дар натиҷаи бемасъулиятии кормандони идораи барқ ба вуҷуд омадааст.”.
Назар ва шарҳи Шабакаҳои тақсимоти барқ ва наздикони боздоштшудаҳо то ин дам дастрас нест. Як масъули ин ниҳод ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки ҳуқуқшиносон ин ҳолатҳоро баррасӣ доранд.
Радиои Озодӣ дар бораи шахсият ва вазифаи боздоштшудаҳо маълумот дорад, вале барои халал нарасондан ба тафтишот аз ифшои ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунад.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Бахтиёр Нозимзода, додситони шаҳри Хуҷанд дар ҳузури сокинон гуфт, "гурӯҳи кории мониторинги сарфи қувваи барқ ҳолатҳои истифодабарии ғайриқонунии майнинг фермаҳоро ошкор намуд. Танҳо дар як таҳхонаи биное воқеъ дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд беш аз 40 адад таҷҳизотро барои коркарду истеҳсоли крипта асъор дар ҳолати муҷаҳҳазгардонида ба қувваи барқ дарёфту мусодира кардаанд, ки аз ин ҳисоб ба ин шабакаҳо 39 ҳазор сомонӣ зарар расидааст”.
Мақомот нисбати ин ҳолатҳо парвандаҳои маъмурӣ боз намуда, онҳоро ба Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Хуҷанд фиристодаанд. Тафтишот дар ин самт идома доштааст.
Як моҳ баъди ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, гузоришҳо оид ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ афзоиш ёфтаанд. Аввали моҳи апрел бо ислоҳоти воридшуда ба Кодекси ҷиноӣ, барои дуздии нерӯи барқ аз 27 ҳазор сомонӣ ҷарима то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Бар асоси бархе хабарҳо аз минтақаҳои кишвар, мақомоти ҳифзи қонун дар маҳалҳо барои татбиқи дастури президент рейду корҳои назоратӣ ба роҳ мондаанд.
Тоҷикистон солҳо боз бо мушкили таъмини нерӯи барқ рӯбарӯст. Вале маълум нест то куҷо таъқиби ҷиноии шаҳрвандон барои барқи дуздӣ барои сабуктар шудани ин мушкил мусоидат мекунад.