Вазорати амнияти дохилии ИМА рӯзи 12 май эълон кард, ки шаҳрвандони Афғонистонро, ки дар хоки ИМА бо “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” ба сар мебаранд, аз ин имтиёз маҳрум мекунанд.
Кристи Ноем, вазири амнияти дохилии ИМА гуфт, “мо шароитро дар Афғонистон бо шарикони байниидоравиамон баррасӣ кардем ва ин шароит ба талаботи гирифтани мақоми ҳимояти муваққатӣ мувофиқат намекунад”. Ӯ гуфт, “дар Афғонистон вазъи амниятӣ беҳбуд ёфтааст” ва вазъи иқтисодӣ мӯътадил шудааст. Бо ҳамин далел мақомоти ИМА ҳузури минбаъдаи афғонистониҳоро дар хоки ин кишвар бедалел мешуморанд ва онҳо метавонанд бидуни таҳдид ба ҷонашон ба ватан баргарданд.
Ғайр аз ин, дар вазорат гуфтанд, ки нисбати баъзе дорандагони “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” аз рӯи моддаи қаллобӣ ва таҳдид ба амнияти миллӣ тафтиш ба роҳ монда шудааст. Ин чиз ба манфиати барқарории низоми муҳоҷирати Амрико мебошад, гуфтааст вазорат. Ноем гуфт, ки мӯҳлати “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” барои шаҳрвандони Афғонистон рӯзи 20 май ба анҷом мерасад.
Муқаррароти “Мақоми ҳимояти муваққатӣ” соли 2022, як сол баъди дар Афғонистон сари қудрат баргаштани Толибон ҷорӣ шуд. Ин мақом ба фирориёни Афғонистон иҷоза медод, ки муваққатан дар хоки ИМА монда кор кунанд ва ба ватан истирдод нашаванд. Ин санад ҳақи зисти доимиро пешбинӣ намекунад. Ҳамакнун, агар шаҳрвандони Афғонистон далели қонунии будубош дар ИМА-ро надошта бошанд, ба онҳо депортатсия таҳдид мекунад.
Онҳое, ки бар асоси ин санад дар ИМА зиндагӣ мекунанд, собиқ ҳамкорони низомиён ваё ҳукумати Амрико дар Афғонистон ва аҳли оилаҳои онҳо мебошанд, ки аз тарси интиқоми Толибон аз кишвар фирор кардаанд. Онҳо мегӯянд, бозгашта ба Афғонистон ба ҷони онҳо таҳдиди воқеӣ эҷод мекунад, чун режими Толибон ҳамкорону тарафдорони ҳукуматҳои ғарбиро бераҳмона таъқиб мекунанд.
Дар ҳамин ҳол вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон ҳамоно дар як ҳолати сангин боқӣ мемонад. Толибон маҳдудиятҳои фаровоне ҷорӣ кардаанд. Аксари ин монеаву маҳдудиятҳои ба ҳуқуқи занону духтарон рабт дошта, аз манъи таҳсилу кор то дарёфти ёрии тиббӣ аз табибони мардро дар бар мегирад. ЮНЕСКО ҳисоб кардааст, ки дар Афғонистон 1,4 миллион духтарон аз таҳсил бенасиб мондаанд.
Созмони дидбони ҳуқуқи башар Human Rights Watch мегӯяд, Толибон дар Афғонистон бӯҳрони ҷиддитаринро дар бахши ҳуқуқи зан ба вуҷуд овардаанд. “Таҳти раҳбарии Толибон занону духтарони афғон даҳшати бадтаринеро пуштисар мекунанд”, навиштааст ин созон.
Ба илова, дар Афғонистон матбуоти озод таҳти сензураи шадид аст, озодии баён маҳдуд шуда, фаъолон мавриди таъқиб қарор мегиранд. Ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ, дар ин кишвар бӯҳрони башарӣ бисёр амиқ мебошад: миллионҳо сокинон бо камбуди дастрасӣ ба ғизо, кор ва ёрии тиббӣ рӯбарӯ ҳастанд.