Акнун ҳар бор бо рух додани хушунат дар оилае дар Қазоқистон, лавҳа бо навиштаҷоти “Салтанат” дар яке аз баландошёнаи Алмаато равшан мешавад ва ин рӯшноӣ ё чашмакзанӣ дар тақрибан сад экран дар саросари кишвар намоиш дода мешавад.
Айдана се моҳ боз дар маркази кӯмак ба ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ зиндагӣ дорад. Пулис ӯро пас аз муноқишаи навбатӣ бо шавҳараш ба ин ҷо овард. Шавҳар қиморбоз аст, агарчи, ба гуфтаи Айдана, ӯро намезад, аммо зиндагӣ бо вай дигар барояш бехатар нест. Айдана мегӯяд:
“Ӯ маро намезад, фақат якбора ба қимор вобаста шуд ва ҳамеша аз ман пул мепурсид. Баъди баҳси навбатӣ маҷбур будам ӯро аз хона берун кунам. Ӯ дарро сахт зад ва талаб кард, ки ӯро ба хона роҳ диҳам. Ман ба пулис занг задам. Ҳамин тавр бо кӯдакон ба ин ҷо афтидем.”
Аз ин ба баъд ҳамтақдирони Айдана ҳангоми дучор шудан ба чунин мушкил, метавонанд барои кӯмак ба Телеграм-боти махсус муроҷиат кунанд. Боти махсус онҳоро роҳнамоӣ мекунад, ки ба куҷо ва чӣ гуна муроҷиат кунанд, ё қонун барои ҳимояи онҳо чӣ пешбинӣ кардааст.
Дар баробари ин дар сартосари кишвар маъракаи огоҳсозӣ аз ҳодисаҳои нави хушунат роҳандозӣ шудааст. Ҳангоми рух додани чунин ҳодисаҳо, дар экранҳои махсусе, ки дар чанд шаҳри Қазоқистон насб шудааст, дар ин бора хабар дода мешавад. Ба ин маърака “Нури Салтанат” ном гузоштаанд.
Юлия Тушина, раҳбари Gforse Grey мегӯяд: “Хушунати хонаводагӣ шояд яке аз мушкилоти сахттарин барои ҷомеаи Қазоқистон аст. Мо барои он сари ин масъала кор мекунем, ки хушунати хонаводагӣ гӯё ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст. Яъне то ҳадде зиёд шудааст, ки дигар онро як кори оддӣ мешуморанд. Соли гузашта, ҳодисае, ки бо Салтанат Нукенова рух дод, кишвари мо ва тамоми ҷаҳонро ҳайратзада кард. Нишон дод, ки то чӣ ҳад ин мавзӯъ ҷиддӣ аст. ”
Аз ҳодисаҳои нави хушунати хонаводагӣ ҳамчунин тавассути рӯшан шудани овезаи “Салтанат” хабар дода мешавад. Овеза дар боми яке аз баландошёнаҳо насб шудааст ва ҳар боре, ки чунин ҳодиса рух медиҳад, он мисли бонги хатар рӯшан мешавад. Иттилоот дар бораи зӯровариро ҳуши маснуӣ ҷамъ меорад.
Леонид Нигматулин, намояндаи ширкате, ки тарҳро роҳандозӣ кардааст, гуфт: “Мо маълумотро аз манбаъҳои боз ҷамъоварӣ мекунем. Аз шабакаҳои иҷтимоӣ, аз расонаҳо ва дигар ҷойҳо. Масалан, ба воситаи шабакаҳои волонтёрӣ ё марказҳои бӯҳронӣ. Баъди ҷамъоварӣ онро тавассути ҳуши маснӯи коркард мекунем, то иттилоъ ё хабар такрорӣ набошад. ”
Тарҳ серхарҷ аст ва ташаббускорон фақат барои иҷораи якмоҳаи табло ё мониторҳо 1200 доллар сарф мекунанд. Қарор аст, овеза бо навиштаҷоти Салтанат дар ин кишвар як сол бимонад. Охири моҳи апрел дар мониторҳои ширкати Citix омори ҷамъбастии тамоми мавридҳои хушунати оилавиро намоиш медиҳанд, ки аз соли гузашта дар Қазоқистон ҷиноят дониста мешавад ва ҷазо дорад.
Гуфтугӯ