Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон қонуни мазкурро рӯзи 14-уми май имзо кардааст.
Қабули тарҳи ислоҳшудаи қонун “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ”-ро як талоше барои ҷалби ҷавонони бештар ба сафи артиши миллии Тоҷикистон медонанд, ки солҳои гузашта бо ҷанҷолу кашмакашҳо дар кӯчаву нақлиёт сурат мегирифт.
Қонуни мазкурро вакилони Маҷлиси намояндагон рӯзи 5-уми май бе баҳсу баррасии зиёде қабул карданд. Ислоҳ дар қонун, ба гуфтаи Эмомалӣ Собирзода, вазири дифои Тоҷикистон ба пурра кардани нерӯҳои мусаллаҳи кишвар бо мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони таҳсилдида мусоидат менамояд.
Бар асоси қонуни пешин, сарбозони хатмкардаи донишгоҳ, новобаста аз таҳсил дар кафедраҳои низомӣ фақат баъди як сол ҳақ пайдо мекарданд, ки рутбаи аввалини афсариро бигиранд. Акнун, ба гуфтаи муаллифони қонун, ин сарбозону сержантони таҳсилкарда метавонанд баъди се моҳи адои хидмати ҳатмии низомӣ рубтаи прапоршик бигиранд.
Албатта дар сурате, ки майл дошта бошанд, хидматро дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ идома бидиҳанд. Айни замон дар қонуни мазкур шеваи додани рутбаи низомӣ ба занонро муқаррар кардаанд, ки дар сафи нерӯҳои эҳтиётӣ ҳастанд.
Дар қонуни пешин “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ” ин гуна чизе набуд. Дар Тоҷикистон хидмати ҳатмии низомӣ ду соли расо аст. Сарпечӣ аз хидмат зиёд ба назар мерасад ва яке аз сабабҳои онро бадрафтории афсарон бо сарбозони навомада медонанд.
Дар мавсими баҳории даъват ба сафи артиш дар соли 2023 гуруҳе аз донишҷӯёни соли охири Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро ҳангоми супоридани имтиҳон аз дохили муассиса ва маҷбурӣ ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Агарчи масъулони донишгоҳ гуфтанд, ки бист ҷавон худашон ихтиёрӣ ба артиш рафтанд.
Дар он моҳ 200 донишҷӯи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷандро ҳам ба хидмат бурданд ва нагуфтанд, ки ихтиёрӣ буд, ё маҷбурӣ. Акнун, ба гуфтаи Насрулло Маҳмудзода, раиси Кумитаи мудофиа ва амният дар Маҷлиси намояндагон, қонуни нав ҷавононро ҳавасманд мекунад, ки ихтиёран ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ пайванданд ва артиши кишвар бо афсарону прапоршикҳо пурра шавад.
Гуфтугӯ