Панҷ бозии дигари даври ҳаштуми мусобиқот бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: «Ҳосилот» (Фархор) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1, «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) - “Эсхата” (Хуҷанд) –– 2:4, “Барқчӣ” (Ҳисор) - “Равшан” (Кӯлоб) - 1:2, КМВА (Клуби марказии варзишии артиши Душанбе) - “Истаравшан” (Истаравшан) - 4:1, «Ҳулбук»-и Восеъ - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:3.
Алишер Тухтаев, ки дар ситоди мураббиёни «Истиқлол» фаъолият дошт, сармураббии нави дастаи «Регар-ТадАЗ» таъйин гардид. Вай дар ин вазифа Тоҳир Муъминовро, ки аз мақомаш барканор шуд, иваз кард.
Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Истиқлол” бо 21 имтиёз пешсаф аст. Тими “Вахш” бо 19 имтиёз дар зинаи дуюм қарор дорад. Дарвоқеъ, дастаҳои “Истиқлол” ва “Вахш” то ҳоло ба мағлубият дучор нашудаанд.
Тими “Равшан” бо 16 имтиёз ҷойи сеюмро касб кардааст. “Панҷшер” ягона дастаест, ки дар мавсими имсола шаҳди ғалабаро начашидааст ва бо ду имтиёз дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Бозиҳои даври ҳаштуми мусобиқоти лигаи олӣ рӯзҳои 16-ум, 17-ум ва 18-уми май баргузор мешаванд. Рӯзи ҷумъа “Вахш” бо «Ҳулбук», «Истаравшан» бо «Барқчӣ», рӯзи шанбе «Равшан» бо «Истиқлол», «Эсхата» бо КМВА, рӯзи якшанбе «Хуҷанд» бо «Панҷшер» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Ҳосилот» рақобат мекунанд.
Дар мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бори 34-ум сурат гирифтааст, 12 даста иштирок дорад. Мусобиқот дар ду давра барпо мегардад ва ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки имсол дар лигаи олӣ ҷойи охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи аввали Тоҷикистон дар соли 2025 бозиҳои гузаришӣ доир менамояд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2025
Лигаи олӣ
Даври 8-ум
9-уми май (ҷумъа)
«Ҳосилот» – «Хуҷанд» - 3:1
«Панҷшер» – «Эсхата» - 2:4
10-уми май (шанбе)
«Барқчӣ» – «Равшан» - 1:2
КМВА – «Истаравшан» - 4:1
11-уми май (якшанбе)
«Ҳулбук» – «Регар-ТадАЗ» - 0:3
«Истиқлол» – «Вахш» - 0:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 9 | 6 | 3 | 0 | 13-4 | 21 |
2 | «Вахш» (Бохтар) | 9 | 5 | 4 | 0 | 16-9 | 19 |
3 | «Равшан» (Кӯлоб) | 9 | 4 | 4 | 1 | 12-6 | 16 |
4 | КМВА (Душанбе) | 9 | 4 | 3 | 2 | 15-9 | 15 |
5 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 9 | 4 | 3 | 2 | 18-14 | 15 |
6 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 9 | 4 | 1 | 4 | 10-13 | 13 |
7 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) | 9 | 3 | 2 | 4 | 11-10 | 11 |
8 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 9 | 2 | 4 | 3 | 12-11 | 10 |
9 | «Ҳосилот» (Фархор) | 9 | 2 | 3 | 4 | 11-14 | 9 |
10 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 9 | 2 | 2 | 5 | 7-14 | 8 |
11 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 9 | 1 | 3 | 5 | 11-18 | 6 |
12 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 9 | 0 | 2 | 7 | 5-19 | 2 |
Нишонзанҳо: Шериддин Бобоев («Равшан»), Нуриддин Ҳамроқулов («Вахш»), Фримпонг (“Регар-ТадАЗ”, Илҳомҷон Баротов («Истаравшан») –5-голӣ.
Даври 9-ум
16-уми май (ҷумъа)
«Вахш» – «Ҳулбук»
«Истаравшан» – «Барқчӣ»
17-уми май (шанбе)
«Равшан» – «Истиқлол»
«Эсхата» – КМВА
18-уми май (якшанбе)
«Хуҷанд» – «Панҷшер»
«Регар-ТадАЗ» – «Ҳосилот»