Танҳо 19 дарсади кӯдакони муҳоҷирон дар Русия иҷозаи супоридани имтиҳони забони русиро доштанд ва боқимонда 81 дарсади онҳое, ки ҳуҷҷат супориданд, бинобар пурра набудани ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, маълумоти бардурӯғ дар ҳуҷҷат ё набудани ҷойҳои холӣ дар мактаб, рад шуданд.
Хадамоти федералии назорат дар соҳаи маорифи Русия гуфт, дар маҷмӯъ наздики 2 ҳазор кӯдак барои имтиҳони забони русӣ муроҷиат кардаанд ва танҳо 335 нафар барои санҷиш иҷозат дода шуданд.
Санҷиши донистани забони русӣ барои фарзандони муҳоҷирон дар Русия, ки мехоҳанд таҳсилро дар мактабҳои русӣ идома диҳанд, аз 1 апрели соли 2025 ҳатмӣ шуд.
Бар асоси он, фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳо пазируфта намешаванд.
Пештар Думаи давлатии Русия бо нашри натиҷаҳои як таҳлил гуфта буд, 41 дарсади фарзандони муҳоҷирон дар ин кишвар бо забони русӣ мушкил доранд.
Муҳоҷирони зиёд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, қаблан шикоят карда буданд, ки дархости онҳо барои қабули фарзандонашон ба мактабҳои Русия рад мешавад.