Дар Қазоқистон мехоҳанд барои дуздии занон бо мақсади никоҳ то 7 сол ҳабс ҷорӣ кунанд

"Арӯсрабоӣ". Наққошии Татиана Зеленская, Бишкек

Дар Қазоқистон мехоҳанд барои маҷбур кардан ба издивоҷ ҷазои ҷиноӣ ҷорӣ кунанд. Дар ин бора ба Бахши қазоқии Радиои Озодӣ Мурат Абенов, як вакили Маҷлиси Қазоқистон хабар дод. Ӯ гуфт, пешниҳод мешавад, ки барои содир кардани чунин ҷиноят ҳадди аксар 7 соли ҳабс ҷорӣ шавад. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар парлумон мизони ҷазо ҳам барои арӯсрабоӣ ва ҳам барои маҷбур кардан ба издивоҷ баррасӣ мешавад ва ин намуд ҷиноятҳо аз ҷаримабандӣ то ҳабси воқеиро пешбинӣ хоҳанд кард.

Ин вакили маҷлис гуфт, ки дар давоми се соли гузашта ба сохторҳои ҳифзи қонуни Қазоқистон 214 аризаи шикоятӣ дар заминаи рабоиши занон бо мақсади ба ақди нигоҳи худ даровардани мардон ворид шудааст, вале аз ин ҳамаи шикоятҳо танҳо даҳ ададаш то ба додгоҳ расидааст. Дигар парвандаҳоро бо сабаби “набуди ҷиноят” бастаанд, ҳарчанд ҷабрдидаҳо собит кардаанд, ки онҳоро берун аз хоҳишашон рабуда, нисбаташон зӯр истифода шудааст.

Ҳоло қонунгузории Қазоқистон ҳолатҳои дуздии занонро бо мақсади арӯсӣ аз рӯи моддаи “Одамрабоӣ” баррасӣ мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки омори воқеии ҳолатҳои дуздии занон бо мақсади ба никоҳ даровардани онҳо метавонад хеле зиёд бошад, чунки на ҳама ҷабрдидаҳо аз ин ҳодисаҳо ба сохторҳои ҳифзи қонун шикоят мекунанд.