Эътирозҳои Узбекистон ва Қирғизистон вазъи муҳоҷиронро дигар хоҳад кард?

Қирғизистон гуфт, дар ҳамла ба ҳаммоме дар Маскав наздик ба 60 шаҳрванди ин кишвар дастгир шуда, ба онҳо бадрафторӣ карда шуд.

Дар камтар аз як моҳи охир ду бор сафирони Русия вобаста ба поймол карда шудани ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба вазоратҳои корҳои хориҷии Узбекистон ва Қирғизистон даъват карда шуданд.

Ҳарду эътирози дипломатӣ, ба гуфтаи коршиносон на танҳо ба вазъи муҳоҷирони корӣ, балки умуман ба равобити миёни ин кишварҳо бо Русия низ дахл доштанд. Дар гузашта Тоҷикистон низ бо эътироз аз ҳолати муҳоҷирони тоҷик дар Русия сафири ин кишварро даъват кардааст.

Бо вуҷуди ин бардоште ҳаст, ки Тоҷикистон назар ба ҳамсоягонаш камтар дар робита бо вазъи муҳоҷирони худ ба мақомоти Русия фишори дипломатӣ меорад. Вале муҳимтарин масъала ин ҷо таъсири чунин эътирозҳост, ки зиёд эҳсос намешавад.

Рӯзи 2 май сафири Русия дар Узбекистон Олег Малгинов ба Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон ва пеш аз он сафири Русия дар Қирғизистон Сергей Вакунов ба Вазорати умури хориҷии Қирғизистон даъват шуда буд. Дар ҳарду ҳолат ин кишварҳо аз бадрафторӣ ба муҳоҷирони худ дар Русия эътироз карданд. Охирин эътирози ҳамсони Тоҷикистон моҳи апрели соли гузашта вобаста ба пайомадҳои ҳамла ба “Крокус” ба амал омада буд.

Ҳар се кишвари Осиёи Марказӣ дар робита бо вазъи муҳоҷирони худ ба таври ҷудогона амал мекунанд ва мегӯянд, нисбат ба шаҳрвандони онҳо бадрафторӣ ба амал омадааст. Дар асл мушкили Душанбе, Тошканд ва Бишкек як аст. Рӯзноманигор ва таҳлилгар Галия Иброҳимова мегӯяд, муроҷиати якҷояи ин кишварҳо метавонад таъсири дигаре дошта бошад.

“Ман масъаларо таври дигар мегузорам. Чаро ин кишварҳо аз амали мақомоти Русия эътироз карданд, вале дар айни ҳол ҳамаи онҳо якҷоя ба паради Ғалаба дар Майдони Сурх рафтанд, то нақши пасманзарро дар маъракае бозӣ кунанд, ки Путин дар он ғалабаро аз худ медонад? Барои ҳамин, вокуниши кишварҳои Осиёи Марказиро ба вазъи муҳоҷирон дар Русия ман нокофӣ мешуморам,”- гуфт Галия Иброҳимова ба Радиои Озодӣ рӯзи 8 май.

Галия Иброҳимова

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов бар ин аст, ки “се соли охир фишори ҳукумати рус ба муҳоҷирони меҳнатӣ торафт зиёд мешавад, ки ин, албатта, боиси нигаронии афзоишёфтаи кишварҳои минтақа мебошад.” Ҷанбаи дигар ба гуфтаи ӯ ширкати гуруҳҳои миллатгаройи рус дар ин рейдҳост, ки ин ҳам боиси нигаронӣ мебошад.

Ба андешаи рӯзноманигор ва коршиноси умури Осиёи Марказӣ Галия Иброҳимова, афзоиши муҳоҷирситезӣ, ки пештар ҳам дар Русия ҷой дошт, бо оғози ҷанги Маскав зидди Украина дар феврали солои 2022 шиддат ва густариши бештар гирифт:

“Ҳамон тавре ки Амрико барои Русия душмани хориҷие шумурда мешуд, ки барояш мушкилот меорад, муҳоҷирон душмани дохилие дониста мешаванд, ки ҳамаи душворӣ ва нокомиҳоро ба гардани онҳо мегузоштанд. Аммо баъд аз 24 феврали соли 2022 муҳоҷирон ҳамчунин баҳонае барои дур кардани таваҷҷуҳи шаҳрвандон аз ҷанг ва амалкарди артиши Русия дар Украина шудааст. Ва рейдҳои зидди муҳоҷирон дар ин се соли гузашта бо бераҳмӣ ва ваҳшонияти махсус ҷараён мегиранд,”- мегӯяд Иброҳимова.

Камбуди эътирозҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказиро ин таҳлилгар ба он бастагӣ медиҳад, ки латтукӯб, таҳқири лафзӣ ё паст задани шаъни инсонии муҳоҷирон дигар кам одамонро ба ташвиш меоранд. Эътирозҳо танҳо вақте садо медиҳанд, ки воқеаи калонтар ва шармовартаре ба вуқуъ мепайвандад.

Аз ҷумла эътирози дипломатии Қирғизистон ба воқеаи 11 апрел дар Маскав дахл дошт. Ба гуфтаи ҷониби Қирғизистон, ҳангоми ҳамла ба ҳаммом наздик ба 60 шаҳрванди ин кишвар дастгир шуда, ба онҳо бадрафторӣ карда шуд. Аз рӯи шаҳодатҳо ва наворҳое, ки вакили парлумони Қирғизистон Ҷанар Оқоев паҳн кард, нирӯҳои амниятии Русия боздоштшудаҳоро латтукӯб ва маҷбур мекарданд, ки дар рӯи фарш хазида раванд.

Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов дар ин бора мегӯяд: “Дар нисбати даъвати сафирони Русия ба вазоратҳои хориҷии Узбекистону Қирғизистон, ки ба наздикӣ ба вуқӯъ пайваст, шояд он барои он шуд, ки амалиёти охири полис ва мақомоти рус нисбати муҳоҷирон ба андозае сахтгир буд, ки боиси ҷанҷол ва эътирозҳои сершумор дар ҷомеаи ин кишварҳо гардид. Мисол, дар интернет видеое паҳн шуда буд, ки дар он миллатгароёни рус ҳамроҳи полис як гурӯҳи муҳоҷирони қирғизро дар давоми ду соат пайваста шиканҷа ва таҳқир мекарданд ва дар натиҷа ҷанҷоли сахт пайдо шуд. Ҳукумати Қирғизистонро водор кард, ки чунин вокуниш зоҳир кунад”.

Эътирози Узбекистон ва Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ истиқбол шуд ва ҳамзамон ин нукта низ садо дод, ки Тоҷикистон дар бораи воқеаҳои охир овоз баланд накардааст.

Чанде аз расонаҳо ва таҳлилгарон даъвати сафири Русияро дар Узбекистон як масъалаи фаротар аз вазъи муҳоҷирон медонанд. Аз ҷумла, ба он ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар сафараш ба Узбекистон аз набудаи зернависи пайкараи модари сарбози шаҳид ба забони русӣ норозӣ шуд ва дар ҷавоб мансабдорони узбек ёдовар шуданд, ки агар “модар муқаддас” аст, ҳуқуқи инсон ҳам муқаддас аст.

Лавров ҳамчунин нохуш будани Русияро аз рушди ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо баён дошт. Аммо Галия Иброҳимова мегӯяд, ин воқеаҳо ба ҳамдигар пайванди бевосита надоранд.

Ба ақидаи Парвиз Муллоҷонов, Русия эътирози кишварҳои Осиёи Марказиро мешунавад, аммо даст ба ҳеҷ коре намезанад. “Ваъдаҳои зиёдеро медиҳад, гӯё ки ин сиёсат танҳо барои ба танзим даровардани соҳаи муҳоҷират пеш бурда мешавад ва бинобар ин характери муваққатӣ дорад.

Яъне аслан, шояд бигӯем, ки ягон тафовути назаррас дар ин маврид миёни ин се кишвар вуҷуд надорад, яъне дар мавриди сиёсати онҳо ба Маскав. Ҳамаи онҳо талош доранд, ки аз як тараф фишор ба муҳоҷирон коҳиш ёбад ва аз тарафи дигар муносибати онҳо ба Маскав вайрон нашавад,”- мегӯяд Парвиз Муллоҷонов.

То ҷое ки дида мешавад, эътирозҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ на вазъи муҳоҷиронро тағйир медиҳанд ва на ба муносибати онҳо бо Русия таъсир доранд. Идомаи чунин ҳолат сабаби эътирозҳои нав ва бештар мешавад, мегӯяд Муллоҷонов, зеро аломате нест, ки нишон диҳад, Маскав аз паси беҳбуду нарм кардани сиёсаташ нисбат ба муҳоҷирон аст. Аммо афзоиши ин эътирозҳо ба таҳкими истиқлолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсири мусбат хоҳанд дошт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Украина нақшаи ҷалби муҳоҷиронро омода мекунад"Аз гулӯям гирифта ба девор заданд ва гуфтанд, ба ҷанг меравӣ"Агар виза ё муҳри кишвари дигарро дорӣ, аз Русия меронанд""Хуб аст, вале пурра нест." Тарҳи нав дар мавриди "патент" дар РусияЯк оилаи дармондаи тоҷик бо кӯмаки муҳоҷирон ба ватан баргашт