Мақомот 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимоваро мусодира кардаанд

Мақомот қариб 230 ҳазор сомонии Рухшона Ҳакимова, рӯзноманигори зиндонии тоҷикро мусодира кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба наздикони ин рӯзноманигор хабар додааст.

Ба қавли манбаъ, Рухшона Ҳакимова солҳо ин маблағро барои хариди хона дар Душанбе, ҷамъ карда буд. Ин пул дар суратҳисоби бонкии хабарнигор буд ва баъди оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ ба ҳабс гирифта шуда буд ва акнун мусодира шудааст.

Намояндагони Хадамоти иҷро баъди 16-уми апрел ба мусодираи амволи чеҳраҳои шинохта шуруъ карданд, ки бо айбномаи "талоши табаддулот" ба зиндон маҳкум шудаанд.

Радиои Озодӣ дар ин бора аввал гузориш дода буд. Тибқи иттилои дарёфтии мо, то ин дам намояндагони Хадамоти иҷро барои мусодираи хонаҳои Саидҷаъфар Усмонзода, раиси пешини Ҳизби демократ ва вакили собиқи порлумон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ, Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси Ҳизби демократ омадаанд.

Пайвандони ин афрод аз қарори мусодираи амвол норозигӣ кардаанд.