Муҳоҷире дар Русия се тифлро аз оташ наҷот дод

Саид Шарипов

Муҳоҷире дар шаҳри Екатеренбурги Русия се кӯдаки хурдсолро аз манзили оташгирифта наҷот додааст. Ҳодиса рӯзи 14-уми май дар бинои панҷошёнаи деҳаи Новоберезовский ва замоне рух дод, ки Саид Шарипови 32-сола ба дорухона мерафт.

Муҳоҷир ба хабарнигорон нақл кардааст, ки садои гиряи кӯдаконро аз хонаи оташгирифта дар табақаи аввал шунида ба кӯмаки онҳо шитофтааст. Кӯдакон дар хона танҳо будаанд.

Сокинон Саидро барои ин ҷасораташ қаҳрамон ном мебаранд, аммо ӯ мегӯяд, танҳо вазифаи инсониашро иҷро кардааст, зеро худаш ҳам соҳиби як фарзанд аст. Саид 16 сол инҷониб дар Екатеренбург чун ронандаи таксӣ кор мекардаст. Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирон барои наҷоти дигарон ҷони худро дар хатар мегузоранд ва бархе дар чунин ҳодисаҳо ҷон додаанд.

Аммо матбуоти Русия ки бо муҳоҷирситезӣ маъруф аст, ингуна хабарҳоро камтар инъикос мекунад. Шаҳрвандӣ ва дигар ҷузъиёти вобаста ба ҳуввияти Шарипов нашр намешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Муҳаммадҷон дар Маскав тифлеро наҷот дод. Кумитаи тафтишот тоҷик будани ӯро пинҳон кардСобир Хаспаллаев: "Маро ноҳақ аз Русия "депортатсия" карданд"Муҳоҷири тоҷик дар Русия модару кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод