Раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар чор моҳи аввали имсол 159 корхона дар кишвар аз кор мондааст. Эмомалӣ Раҳмон 17-уми май дар ҳузури аъзои ҳукумат дар ноҳияи Данғара гуфт, имсол "дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар либоси мактабӣ истеҳсол нагардидааст, ки хеле нигаронкунанда мебошад."
Президенти Тоҷикистон дар ин ҷаласа гуфт, дар моҳҳои январ-апрели имсол 121 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, вале 159 коргоҳ аз кор мондааст.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон нагуфт, ки корхонаҳои муфлисшуда дар кадом бахшҳо кор мекарданд ва сабаби аз кор монданашон чист.
Пештар баъзе моликони корхонаҳо молиёт (андоз)-и баланд ва тафтишҳои зиёдро аз сабабҳои муфлисшавӣ гуфта буданд.
Тибқи омори раиси ҷумҳур, давоми чор моҳи аввали имсол истеҳсоли нахи пахта дар кишвар 10, 8 ҳазор тонна ва газворҳои пахтагин 1,3 миллион метри мураббаъ кам шудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин вазъ “омили асосии коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ мебошад.”
Президент дар ин маҷлис ҳамчунин аз иҷро нашудани нақшаи кишти пахта ва картошка интиқод кард.
Норозигии раиси ҷумҳур дар ҳолест, ки баҳори имсол шикоятҳо аз маҷбур кардани деҳқонон ба кишти пахта зиёд садо дод. Деҳқонон аз чанд минтақаи Тоҷикистон, шикоят карданд, ки бо талаби мақомот дигар намуд зироатҳоро шудгор карда, ба ҷояш пахта кишт карданд.