Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вазири ҳолатҳои фавқулодда Бобек Аҷибековро танбеҳи сахт дод. Рӯзи 11-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он яке аз афсарони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар қисми низомӣ наваскаронро таҳқир ва бо онҳо бадрафторӣ мекунад.
Дар навор дида мешавад, ки афсар сарбозонро дашном дода, онҳоро маҷбур мекунад, ки чорпо истода, дастҳоро дар пушт ва сарашонро ба замин гузоранд. Тавре маълум шуд, ин ҳодиса ҳанӯз дар моҳи феврал рух додааст, аммо вазорати ҳолатҳои изтирорӣ танҳо як рӯз пеш, вақте навор дар интернет нашр шуд, дар ин бора изҳори назар кард.
Вазир бо сарбозон ва волидони онҳо вохӯрд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот тафтишотро анҷом додаанд ва афсароне, ки аз мақом сӯиистифода кардаву дар таҳқири сарбозон ширкат намуданд, аз мақом барканор шудаанд. Додситонии низомии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Мақомоти назоратӣ хабар доданд, ки парвандаро муфаттишони гарнизони Бишкек баррасӣ мекунанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки барои таҳқиқи пурраи ҳодиса, низомиёне, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, ба додситонии ҳарбӣ бурда шудаанд.
Меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон ҳам мушкили куҳна аст. Соли гузашта чанд сарбози собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расиданд.