Рӯзи 15 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 барпо мешавад ва дар кори он ҳайатҳо аз кишварҳои узви ин тарҳ аз Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора сомонаи вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Қабл аз он, рӯзҳои 13 ва 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳҳои кории кишварҳои иҷрокунандаи тарҳи CASA-1000 ва шарикони рушд баргузор мешавад. Ба навиштаи манбаъ, ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода шурӯъ шуд. Ҳадафи он омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии тарҳи энергетикӣ аст.
Ба навиштаи сомонаи Ariana News, ҳайати Афғонистонро дар нишасти Душанбе Абдулборӣ Умар, раҳбари ширкати энержии “Брешно” намояндагӣ мекунад. Ин манбаъ навишт, дар баробари намояндагони Афғонистон ва Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои Қирғизистон, Покистон, масъулони Бонки исломии рушд ва дигар сохторҳои молӣ дар ҷаласаи Душанбе ҷамъ омадаанд.
CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад. Ҳукумати Толибон, ки расман эътироф нашудааст, баҳори соли 2024 созишномаи CASA-1000-ро имзо намуд ва иҷрои ин тарҳ, ки бо сабаби ноамниҳо дар Афғонистон ба таъхир афтода буд, аз сар гирифта шуд.
Мақомоти тоҷик навиштанд, меҳмонҳоро бо зеристгоҳои 1300 мегаваттӣ дар мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Кӯшониён ва Неругоҳи барқи обии «Норак» ошно мекунанд.