Таксиронӣ дар Душанбе "монополия" мешавад?

Дар ҳоле, ки ронандагони баъзе ширкатҳои таксиронӣ дар Душанбе аз гирифтани рақамҳояшон шикоят доранд, пушти дари ширкати "Эко такси" ин шабу рӯз серодам аст. Ронандагоне, ки аз дигар ширкатҳои таксиронӣ ронда шудаанд, бо умеди идомаи кор ба "Эко такси" муроҷиат кардаанд.

Сунатулло Мирзоев, сокини шаҳри Душанбе яке аз онҳоест, ки мехоҳад аз "ЭКО таксӣ" мошин иҷора гирифта, рӯзгорашоро пеш барад.

"Чор рӯз шуд омада меравем ҳеҷ корамон буд намешавад, фақат саргардонӣ. Бубинед чанд ҳазор одам аст инҷо, қариб ки ранги бозори "Корвон" шудааст. Медароӣ мегӯянд сурат гир, сурат мегирем мебароем мошин нест. Ҳама аз ҳамин 9090 рақам мегиранд, дигар аз куҷо мегиранд,"-мепурсад ӯ.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон таксиронҳо аз мушкилтар шудани кору иҷозаи кор шикоят доранд

Чанде аз ронандагон гуфтанд, барои кор дар "ЭКО таксӣ" санад пешниҳод кардаанд ва барои пеш наомадани мушкил дар корашон, метарсанд ошкоро суҳбат кунанд. Ин ронандагон дар суҳбати бидуни микрофон тасдиқ карданд, ки шартномашонро дар дигар ширкатҳо тамдид накарданд.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, феълан дар Душанбе 13 ширкати таксиронӣ кор мекунанд. Аз миёни ширкатҳо мақомот аз ҳама бештар ба ширкати "Эко такси" 2 ҳазор ҷой ё квота додаанд.

Молик ё баҳрабардори асосии ширкати "ЭКО таксӣ" маълум нест. Ин ширкат дар соли 2024 корро сар карда, шурӯи фаъолияташ дар саҳифаҳои шаҳрдории Душанбе таблиғ шудааст. Баъзе расонаҳои марбут ба мухолифин дар Аврупо, "Эко такси"-ро марбут ба ширкати "Фароз" медонанд. Намояндагони "Эко такси" инро рад мекунанд. “Фароз” ба наздикони раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ки соли 2020 эълон кард, ки фаъолияти худро қатъ мекунад. Ҳарчанд таҳқиқоти журналистӣ нишон додаанд, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳамоно ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Намояндагони "ЭКО таксӣ" ҳозир нашуданд дар рӯ ба рӯи дурбини Озодӣ суҳбат кунанд. Як масъули ин ширкат бо шарти зикр накардани номаш гуфт, "ЭКО таксӣ" ширкати инҳисорӣ нест ва далели муроҷиатҳои бештар ба онҳо, бекор мондани ронандагон дар дигар ширкатҳо аст.

Ба қавли вай, санҷиши мақомоти Душанбе дар ширкатҳои дигар ошкор кардааст, ки кори чанде аз онҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, эҳтимол бархе ширкатҳо барҳам дода шавад. Намояндагони ширкатҳо аз суҳбат худдорӣ карданд. Танҳо дар ширкати "Рахш такси" корашонро дуруст арзёбӣ карда гуфтанд, ҳама таксиҳои онҳо барқӣ аст. Дар идораҳои тобеи ҳукумати Душанбе низ мавзуъро шарҳ надоданд.

Фозилҷон Фатҳуллоев

Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси иқтисодӣ мегӯяд, бартарӣ ё имтиёзи бештар додан ба як ширкат, метавонад инҳисор ё "монополия"-и бозорро ба миён орад.

"Рақобати носолим метавонад бар зарари ширкатҳои дигари таксиронӣ анҷом ёбад. Яъне як ширкат метавонад ягон иқдоми навро пешниҳод кунад ба мизоҷон, лекин аз сабаби он ки дигар ширкат бартарӣ дорад, он наметавонад фаъолияти худро дуруст ба роҳ монад. Рақобати носолим метавонад ба вайрон кардани стратегияи маркетингии дигар ширкатҳои таксиронӣ зарар расонад,"-шарҳ дод ӯ.

Охири моҳи апрели имсол ронандагони баъзе ширкатҳои таксиронӣ, бахусус "Рахш такси" аз баркандани рақамҳояшон шикоят карда буданд. Ронандагон гуфтанд, вақте аз нозирони БДА мепурсанд, ки акнун чӣ кор кунанд ва дар посух мешунаванд, ки "ба ширкати 90-90 равед."

Баҳсу мушкилоти ширкатҳои таксӣ дар Тоҷикистон нав нест. Дар гузашта, мақомот баъзе аз ширкатҳоро маҷбур карда буданд, ки мошинҳои соли истеҳсолашон куҳнатарро нагузоранд мусофиркашонӣ кунанд. Дертар аз ширкатҳо хоста шуд, ки бештари таксиҳо мошини барқӣ ё электромобил бошад.

Бар асоси як қарори шаҳрдории Душанбе, бояд тамоми таксиҳо дар пойтахт мошинҳои барқӣ бошанд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ ширкатҳои таксиронӣ дар Душанбе тақрибан ҳашт ҳазор таксӣ доранд.

Ронандагон дар назди дафтари "Эко такси"