Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, дар сурати пешрафт дар музокироти миёни Русия ва Украина, ӯ метавонад рӯзи 16 май ба Истанбул биравад. Дар ин бора хабаргузории AFP иттило додааст.
Трамп, аз ҷумла, гуфт, «Медонед, агар чизе шавад, ман рӯзи ҷумъа рафта метавонистам (ба Истанбул)». Трамп дар шарҳи ба музокирот нарафтани Путин гуфт, раҳбари Русия барои он ба Истанбул нарафт, ки Трамп он ҷо ҳозир нашудааст.
“Агар ман наравам, вай чаро он ҷо равад? Фикр накунам, ки агар ман наравам, Путин биравад”, гуфт Трамп.
Трамп ин ҳарфҳоро рӯзи 15 май баён кард. Ӯ қаблан гуфта буд, ки бо вуҷуди нақшаҳои бисёр зиёдаш дар сафар ба минтақа, «ба хотири наҷоти ҷони инсонҳо» омода аст ба Истамбул сафар кунад. Трамп дар Ховари Миёна бо мақомоти кишварҳои минтақа мулоқот мекунад ва қарор аст сафари ӯ 15 май бо боздид аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба анҷом бирасад.
Рӯзи 15 май дар Туркия бояд мулоқоти мустақими ҳайатҳои ҳукуматии Русия ва Украина баргузор шавад. Путин шаби 14 май феҳристи аъзои ҳукуматашро барои сафар ба Истанбул тасдиқ кард ва ёвари президент Владимир Мединскийро раҳбари ин ҳайат таъин намуд.
Худи Путин, зоҳиран ба ин мулоқот намеравад. Аз ҷониби ИМА дар музокироти Истамбул котиби давлатӣ Марко Рубио ва фиристодаи вижаи президент Стив Уиткофф иштирок мекунанд.