Дар чанд ҷумла
Писари Қодиров шахси муттаҳам дар сӯзондани Қуръонро задааст

Никита Журавел, ки барои оташ задани китоби Қуръон дар Волгоград боздошт шудааст, мегӯяд, писари 15-солаи раисҷумҳури Чеченистон Одам Қодиров ӯро дар боздоштгоҳи шаҳри Грозний задааст.
Никита Журавел, ки барои оташ задани китоби Қуръон дар Волгоград боздошт шудааст, мегӯяд, писари 15-солаи раисҷумҳури Чеченистон Одам Қодиров ӯро дар боздоштгоҳи шаҳри Грозний задааст.
Дар ин бора ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Чеченистон Мансур Солтаев хабар дод. Ба гуфтаи Солтаев, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова ба ӯ дастур додааст, ки қазияро баррасӣ кунад.
"Шахсан ба боздоштгоҳ рафтам. Никита Журавел дар рафти суҳбат гуфт, рӯзе, ки бо раисҷумҳури Чеченистон мулоқот дошт, баъд аз рафтани Рамазон Қодиров писари калонии ӯ Одам Қодиров ворид шуда, вайро латукӯб кардааст", - изҳор дошт Солтаев.
Тибқи иттилои "Грозний-Информ", Рамазон Қодиров дар мулоқот бо Журавел аз ӯ хостааст, ки дини Исломро қабул кунад.
Раисҷумҳури Чеченистон то ҳол хабари латтукӯб шудани Журавелро аз сӯи писараш шарҳ надодааст.
Навори оташ задани Қуръон дар наздикии Масҷиди марказии ҷомеи Волгоград сабт шудааст. Ин навор аз 11 сония иборат аст. Расонаҳои Русия навори боздошти гумонбарро рӯзи 20-уми май нашр карданд. Гумонбар Никита Журавели 19-сола, зодаи Севастополи Қрим аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Ширкати масъулони "Брешно"-и Афғонистон дар ҷаласаҳои CASA-1000 дар Душанбе

Рӯзи 15 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 барпо мешавад ва дар кори он ҳайатҳо аз кишварҳои узви ин тарҳ аз Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора сомонаи вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Қабл аз он, рӯзҳои 13 ва 14 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳҳои кории кишварҳои иҷрокунандаи тарҳи CASA-1000 ва шарикони рушд баргузор мешавад. Ба навиштаи манбаъ, ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода шурӯъ шуд. Ҳадафи он омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии тарҳи энергетикӣ аст.
Ба навиштаи сомонаи Ariana News, ҳайати Афғонистонро дар нишасти Душанбе Абдулборӣ Умар, раҳбари ширкати энержии “Брешно” намояндагӣ мекунад. Ин манбаъ навишт, дар баробари намояндагони Афғонистон ва Тоҷикистон, инчунин ҳайатҳои Қирғизистон, Покистон, масъулони Бонки исломии рушд ва дигар сохторҳои молӣ дар ҷаласаи Душанбе ҷамъ омадаанд.
CASA-1000 як тарҳи байналмилалиест, ки чанд сол пеш иҷрои он бо кумаки Бонки Ҷаҳонӣ оғоз ёфт ва арзиши он беш аз 1 миллиарду 100 миллион долларро ташкил медиҳад. Бар асоси ин тарҳ, хатти баландшиддати барқи 750-километрие сохта мешавад, ки аз тариқи қаламрави Афғонистон мегузарад ва ба Покистон мерасад. Ҳукумати Толибон, ки расман эътироф нашудааст, баҳори соли 2024 созишномаи CASA-1000-ро имзо намуд ва иҷрои ин тарҳ, ки бо сабаби ноамниҳо дар Афғонистон ба таъхир афтода буд, аз сар гирифта шуд.
Мақомоти тоҷик навиштанд, меҳмонҳоро бо зеристгоҳои 1300 мегаваттӣ дар мавзеи Сангтӯдаи ноҳияи Кӯшониён ва Неругоҳи барқи обии «Норак» ошно мекунанд.
Трамп бо Аш-Шаръ дидору гуфтугӯ кард

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 14 май дар ҷараёни сафараш ба Арабистони Саудӣ бо раҳбари муваққатии Сурия Аҳмад аш-Шаръ дидору гуфтугӯ намуд. Баргузории ин мулоқотро ҳам хабаргузориҳо ва ҳам Кохи Сафед хабар доданд. Вохӯрӣ пушти дарҳои баста барпо шуд, вале акси мулоқоти ду раҳбарро дар шабакаҳо нашр карданд. Дар ин мулоқот инчунин валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон ҳам иштирок намуд.
Шоми 13 май Трамп гуфт, ки таҳримҳои зидди Сурияро бекор мекунад. Ин таҳримҳо зидди режими президенти пешин Башор Асад ҷорӣ шуда буданд, ки моҳи декабри соли гузашта аз қудрат барканор гардид.
Аш-Шаръ, ки инчунин бо номи Абумуҳаммад Ҷулонӣ ҳам маъруф аст, раҳбарии гурӯҳи мусаллаҳонаи калонтарини мухолифи Асад «Ҳайат Таҳрир аш-Шом»-ро ба ӯҳда дошт.
Азбаски он дар гузашта бо «Ал-Қоида» дар робита буд, ИМА ва дигар кишварҳо онро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил карда буданд. Баъди сари қудрат омадани Аш-Шаръ, маъмурияти пешини ИМА исми ӯро аз феҳристи афроди мавриди ҷустуҷӯ берун кард.
Маълум нест, ки таҳримҳо кай бекор мешаванд, вале Димишқ ин хабарро истиқбол кард ва дар дохили Сурия ҳам бисёриҳо аз ин қарори Трамп хушнуд шуданд.
Бархе матбуот гуфтанд, ки нахустазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба Трамп ишора кардааст, ки мухолифи чунин қарор аст. Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки дар мулоқот Трамп аз Шаръ даъват кардааст, ки бо Исроил робитаҳои дипломатӣ барқарор кунад, мубориза бо терроризмро идома дода, масъулияти назорат аз зиндонҳоеро, ки он ҷо афроди вобаста ба ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд, ба дӯши худ бигирад. Аш-Шаръ дар навбати худ ба Трамп гуфтааст, ки сармоягузориҳои амрикоиро ба саноати нафтугази Сурия истиқбол мекунад.
То кунун як бахше аз қаламравҳои Сурия берун аз итоати Димишқ мебошанд. Дар ин қаламравҳо, аз ҷумла, сарбозони амрикоӣ ҳастанд, ки ба гурӯҳҳои курду араб дар мубориза бо ДОИШ кӯмак мекунанд. ИМА расман аз якпорчагии Сурия ҷонибдорӣ ва ба мурооти ҳуқуқи ҳамаи гурӯҳҳои қавмиву динӣ пойфишорӣ мекунад.
Бештарин шумори барандаҳои имсолаи Green Card аз Узбекистон мебошанд

Имсол дар миёни кишварҳои ҷаҳон Узбекистон шумори бештари лотереяҳои Green Card ё ҳақи иқомату кор дар Амрикоро бурдааст. Дар маҷмӯъ 5564 шаҳрванди Узбекистон барандаи Корти сабз шуданд. Дар ҷои дуюм Алҷазоир аст, ин ҷо 5526 нафар баранда шудаанд.
Дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам шумори ғолибони Green Card ба садҳо нафар мерасад. Дар Қирғизистон 3095, дар Тоҷикистон 2982, дар Қазоқистон 2004 ва дар Туркманистон 2010 нафар дар лотерея дастболо шуданд.
Дар ин бора 13 май маркази консулии Кентакки тавассути сомонаи расмии барномаи Green Card хабар додааст.
Дар кишварҳои Русия, Эрон, Афғонистон ва Украина ҳам шумори барандаҳои корти сабз аз 4 то 5,5 ҳазор нафар мерасад.
Дар маҷмӯъ дар саросари ҷаҳон имсол 131060 нафар барандаи корти сабз шуданд. Вале таъкид мешавад, ки виза барои бурдани корти сабз аз ин шумор мардум танҳо ба 55 ҳазор нафар дода мешавад.
Green Card санади расмӣ буда, ба шаҳрвандони хориҷӣ имкони кору зиндагии қонунӣ дар хоки Амрикоро фароҳам мекунад. Ин санад роҳро барои гирифтани шаҳрвандии ИМА ҳам боз мекунад.
Ба Одам Қодиров мукофоти ба номи бобояш супурда шуд

Одам (Адам) Қодиров - писари раиси ҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров мукофоти навбатӣ гирифт. Ин дафъа ба навраси 17-сола ба муносибати 25-солагии ОМОН (Гурӯҳи таъиноти махсус)-и ВКД Чеченистон нишони «Ахмат-Грозный» супурда шуд, ки ба ёди падари раҳбари Чеченистон таъсис шудааст.
Навор аз ҷараёни ҷашнро Рамазон Қодиров дар саҳифаи Телеграммаш нашр кард. Одам Қодиров дабири Шӯрои амнияти Чеченистон аст. Ӯ ҳамчунин раёсати Хадамоти амнияти падарашро бар ӯҳда дорад.
Ӯ аллакай соҳиби унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Чеченистон, ҷоизаи олии ҷумҳурӣ - ордени Қодиров ва ҳадди аққал шаш ордени дигар аст. Аксари ин ҷоизаҳоро Одам Қодиров баъди он соҳиб шуд, ки дар боздоштгоҳ Никита Журавел, ҷавонеро, ки китоби Қуръонро сӯзонда буд, латтукуб намуд.
Журавел барои ин кирдораш ба хиёнат ба ватан гунаҳкор ва ба 3,5 соли зиндон маҳкум шуд. Қодиров он замон навори задани Одамро нашр ва аз кори писараш тавсиф карда буд.
Парвандаи маъмурии зидди панҷ зани танфурӯш дар Суғд

Пулиси вилояти Суғд нисбати панҷ зан барои машғул шудан ба тануфурӯшӣ парванди маъмурӣ тартиб додааст. Мақомот рӯзи 13-уми май дар барномаи махсуси телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ки ин занҳо муштариёни дискоклубҳои шаҳри Хуҷанд буданд.
Санҷишҳо дар марказҳои дилхушӣ дар доираи амалиёти нави “Ахлоқ” дар вилояти Суғд ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷаи гузарондани рейдҳо 70 занро, ки, ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, “истироҳату дилхушии носолим” доштаанд, барои сӯҳбат ва гузаштан аз муоинаи тиббӣ ба шӯъбаи милиса бурдаанд.
Дар Тоҷикистон барои танфурушӣ аз 500 то 2000 сомонӣ ҷарима пешинӣ шудааст ва дар сурати такрори амал 15 рӯз пушти панҷара мераванд. Аммо дар бархе ҳолатҳои дигар ин гурӯҳи занон барои сироят кардани дигарон ба бемориҳои гузаранда то 10 сол зиндонӣ мешаванд.
Президенти Тоҷикистон ҷазо барои “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоиро бекор кард

Рӯзи 14 май, як моҳ баъди мувофиқати парлумони Тоҷикистон бо бекор кардани ҷазои ҷиноӣ барои “лайк”-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам ин қонунро тасвиб кард.
Ба ин тартиб, қонун «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарии ҷиноятиро барои дар шабакҳои иҷтимоӣ гузоштани лайк ё дигар аломат бекор намуд.
Ангушт задан ба аломати "писанд" ё "лайк" (Like) дар зери матлабҳои интернетӣ, ки қаблан садҳо касро ба зиндон бурдааст, дигар ҷавобгарии ҷиноӣ нахоҳад дошт. Ҳоло пурсиши асосӣ ин аст, ки то куҷо маҳкумшудагон бо ин банди қонуни ҷиноӣ акнун метавонад аз зиндон озод шаванд.
Моҳи апрел Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқдони тоҷик дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати амалӣ шудани қонун он ба гурӯҳе аз маҳкумшудагон низ дахл хоҳад дошт. Ӯ машварат дод, ки чунин нафарон бо ёрии вакилони дифояшон барои бозбинӣ шуданти ҳукми додгоҳ муроҷиат кунанд.
Ҷӯраев, аз ҷумла гуфт: “Агар ин шахс бо яке аз ин ду модда – 179 (замимаи 3) ё 307 (замимаи 1) маҳкум шудааст, танҳо барои гузоштани лайк ва барои гузоштани шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, пурра аз ҷазо озод карда мешавад. Ё аз адо намудани ҷазои боқимонда озод карда мешавад".
Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои, ба гуфтаи мақомот, дорои хусусияти ифротӣ ҷазо гирифтаанд.
Мақомот навору навиштаҳои мухолифон ва созмонҳои мамнуъ дар кишварро ифротӣ мешиносанд, ҳарчанд корбарон онҳоро танқиди барҳақ медонанд ва зерашон “лайк” мегузоранд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2018 дар пайи ислоҳи Кодекси ҷиноии кишвар дар қонунгузорӣ “сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет”-ро ҷурм шинохтанд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои “лайк” маъруф аст.
Пас аз таҳдиди Ҳинд ба ҳамлаҳои бештар, Покистон ба Деҳлӣ ҳушдор дод

Покистон рӯзи 13 май дар вокуниш ба таҳдиди нахуствазири Ҳинд дар бораи ҳамлаҳои нави марзӣ, ҳушдор дод ва гуфт, ба ҳар гуна таҷовузи эҳтимолӣ посух хоҳад дод.
Нарендра Моди дар суханронии телевизионии рӯзи 12 май гуфт, ки агар Исломобод даст ба ин кор бизанад, Деҳлӣ ба он посухи муносиб медиҳад.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон изҳороти Модиро "таҳрикомез" хонд ва хостори хештандорӣ шуд.
Ҳушдори Покистон пас аз он матраҳ шуд, ки ҳафтаи гузашта ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ, пас аз ҳамлаи маргбор дар Кашмири Ҳинд, ки 26 гардишгарро кушт, вориди даргириҳои мушакӣ ва бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин шуданд.
Оташбасе, ки бо миёнаравии Доналд Трамп барқарор шуд, то кунун ҳифз шудааст.
Фармондеҳони баландпояи ду тараф бар идомаи оташбас ба созиш расидаанд ва мушовирони амнияти миллӣ қарор аст дар яке аз кишварҳои бетараф дар бораи ихтилофҳо, гуфтугӯ кунанд.
Ба узбекистониҳое, ки ихроҷ мешаванд, то ду сол шиноснома намедиҳанд

Ба он шаҳрвандони Узбекистон, ки ба ватанашон ихроҷ шудаанд, то ду сол шиносномаи хориҷӣ дода намешавад.
Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ аз қавли ҳукумати ин кишвар хабар додаанд.
Ин ба шаҳрвандоне, ки дар кишвари истиқомати худ қонунро вайрон кардаанд ё обрӯи Узбекистонро паст задаанд, дахл дорад.
Ҳамчунин, ин шаҳрвандони Узбекистон ӯҳдадор мешаванд, ки маблағи бозгашташон ба ватанро аз ҳисоби худ пардохт кунанд.
Инчунин аз ихроҷшудаҳо талаб карда мешавад, ки имтиёз ва ҷубронпулиро ба Хазинаи муҳоҷират баргардонанд.
Вазорати беҳдошт аз аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон дар Тоҷикистон хабар дод

Мақомоти тибби Тоҷикистон аз амалиёти нахустини бомуваффақияти ҷарроҳии бебуриши талхадон ва роҳҳои талхагузар хабар доданд. Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар хабаре гуфт, ташхису ҷарроҳии мазкур бо усули эндоскопӣ бе буриш аз даҳон гузаронида шуд.
Мақомоти тибб гуфтанд, ин аввалин чунин ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад ва онро дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо бо истифода аз дастгоҳи тиббии Eye Max анҷом додаанд. Маълум нест, ин ҷарроҳӣ кай барпо шудаст, вале хабари онро оҷонсии "Ховар" рӯзи 13 май нашр намуд.
Дар тафсилоти хабар омадааст, ки дастгоҳи эндоскопӣ истеҳсоли давлати Чин буда, бо истифода аз он дар гирифторони бемории санги талхадон, палипи талхадон, саратони роҳҳои талхагузар ва саратони сараки ғадуди зери меъда ташхис ва амалиёти ҷарроҳӣ гузаронида мешавад.
Мудири шуъбаи ташхису табобати марказ Сорбон Мусоев гуфтааст, ки то имрӯз чунин ҷарроҳиҳо бо усули кушода, яъне ба тариқи буриши зиёди ҷисми бемор анҷом дода мешуданд.
Дар хабар дар бораи ҳуввияти бемор ва вазъи сиҳҳатии ӯ баъди ҷарроҳӣ мушаххасан чизе гуфта намешавад, вале дар хабари расмӣ омадааст, ки беморон баъди чунин ҷарроҳӣ баъди 24 соат рухсат дода шаванд ва ҳамзамон зуд шифо меёбанд.
Моҳи январ табибони тоҷик аз анҷоми бомуваффақияти аввалин ҷарроҳиии рагҳои мағзи сар бо усули бе бурриш дар бадани сокини 16-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ хабар доданд, ки онро Маркази ташхисию табобатии "Дастаи Дил" дар бемористони “Шифобахш” ба тариқи эндоскопӣ, яъне бе бурриш анҷом доданд.
Жерар Депардйе дар хушунати ҷинсӣ айбдор дониста шуд

Додгоҳе дар Фаронса ҳунарпешаи маъруфи синамо Жерар Депардйеро бар асоси иттиҳоми хушунати ҷинсӣ нисбати ду зан ба 18 моҳи ҳабси шартӣ маҳкум намуд. Додситонҳо талаб карданд, ки ҳунарпешаи 76-сола ба якуним соли ҳабси шартӣ ва 20 ҳазор евро ҷарима маҳкум шавад.
Ҷабрдидаҳо ду нафар буда, яке рассоми таҳиягари 54 ва дигаре ёвари коргардони 34-сола мебошанд.
Онҳо соли 2021 ҳамроҳ бо Депардйе дар таҳияи филми «Пардаҳои сабз» кор кардаанд. Занҳо дар шикояти додгоҳӣ гуфтанд, ки Депардйе ба узвҳои маҳрами онҳо даст мезад.
Масалан, рассоми таҳиягар гуфт, ки дар як маврид ҳунарпеша ӯро дар долон ба девор байни пояш пахш карда, ба миён, сина ва ҷойҳои маҳрамаш даст зад ва пешниҳоди қабеҳе кард. Ин зан гуфт, ки танҳо баъди дахолати нафари дигаре Депардйе ӯро раҳо намуд.
Худи ҳунарпеша иттиҳомро рад карда гуфтааст, ки фақат аз занро даст расидааст, вале ин озори ҷинсӣ набуд.
Дар солҳои охир дар маҷмӯъ тахминан 20 зан дар бораи рафтори ғайриахлоқии Депардйе хабар додаанд, вале ин аввалин парвандае аст, ки то ба додгоҳ рафтааст.
Тафтиш Русияро масъули суқути ҳавопаймои Малайзия дар соли 2014 донист

Шӯрои созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар паи таҳқиқи муфассал Русияро масъули фоҷеаи ҳавопаймои MH17-и ширкати ҳавоии Малайзия дар соли 2014 дар фазои Донбасс номид. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Нидерландия хабар додааст. Дар изҳорот гуфта шудааст, ки шӯро ба хулосае омадааст, ки Русия бандҳои Эъломия оид ба авиатсияи гражданиро, ки бо номи Эъломияи Чикаго ҳам маъруф аст, вайрон кардааст.
Дар сомонаи расмии ҳукумати Нидерландия навишта шудааст, ки «Шӯро инчунин масъалаи пардохти ҷубронпулиро баррасӣ мекунад ва умедвор аст, ки Русия бо Нидерландия ва Австралия вориди гуфтушунид мешавад. Мо ба дастгирии Шӯро дар ин масъала бисёр умедвор ҳастем».
Аз ин пеш ВКХ Русия дар бораи хатми иштирокаш дар таҳқиқи фоҷеаи ҳавопаймо дар Шӯрои созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ хабар дод. Айни замон, Русия гуфт, ки омода аст дар чаҳорчӯби эъломияи марбутаи Шӯрои амнияти СММ дар таҳқиқи сабабаҳои фоҷеа иштирок кунад.
Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Малайзия, ки аз Амстердам ба Куала Лумпур парвоз мекард, рӯзи 17 июли соли 2014 дар фазои вилояти Донетск суқут дода шуд. Таҳқиқи байналмилалӣ маълум кард, ки ин ҳавопаймо бо мушакандози маҷмаи «Бук» ба замин зада шудааст. Дар ин фоҷеа 298 нафар ҷон дод.
17 ноябри соли 2022 додгоҳе дар Гаага се нафарро дар анҷоми ин ҳамла - Игоря Гиркин (Стрелков), Сергей Дубинский ва Леонид Харченкоро гунаҳгор эълон кард. Тафтишот маълум кард, ки ин нафарон бо мақсади ба замин задани ҳавопаймо "Бук"-ро ба маҳалли ҳамла интиқол додаанд. Маскав то ҳол масъулияти суқути ҳавопайморо ба дӯш намегирад ва мегӯяд, ки ба натиҷаҳои тафтишоти байналмилалӣ эътимод надорад. Дар навбати худ Русия Украинаро гунаҳгор карда, вале ҳеҷ гоҳ далели иттиҳомашро пеш наовардааст.
Уиткофф гуфт, Трамп тақозо кард, ки Зеленский ва Путин мулоқоти рӯбарӯ барпо кунанд

Президенти ИМА Доналд Трамп аз Москву Киев талаб кардааст, ки музокироти мустақим барпо кунанд. Дар бораи ултиматум ё шартгузории Трамп ба ин ду кишвари дар ҳоли ҷанг дар мусоҳиба бо Breitbart News фиристодаи вижаи Трамп - Стив Уиткофф хабар додааст.
Уиткофф дар бораи Трамп гуфт, «аз назари ӯ, агар ин музокира барпо нашавад ва ҳам дар зудтарин фурсат барпо нашавад, ИМА бояд аз ин ҷараён хориҷ гардад ва муҳим нест, ки ин чӣ маъноҳое хоҳад дошт ва дигар дахил нахоҳад буд». Ӯ афзуд, «Мо омода ҳастем миёнҷӣ бошем. Ин ҷанги мо нест. Мо ин ҷангро шурӯъ накардаем. Вале мо мехоҳем, ки барои хатми он мусоидат кунем», гуфт фиристодаи Трамп.
Уикофф инчунин гуфт, ки ҷанг дар Украина «бемаънӣ» аст ва «набояд шурӯъ мешуд». Ӯ инчунин гуфт, ки мулоқоти президентони Русия ва Украина метавонад дар фурсати наздик барпо шавад.
Ин мусоҳиба ҳафтаи гузашта сабт шудааст. Дирӯз президенти Русия Владимир Путин аз Украина талаб кард, ки дар Истамбул мулоқоти мустақим барпо шавад ва Зеленский ҳам ваъда дод, ки шахсан омада бо Путин мулоқот мекунад.
Трамп баъди ин гуфт, ки метавонад дар ин мулоқот иштирок кунад. Кремл ҳанӯз дар бораи иштироки шахсан Путин иттилое надодааст.
Шурӯи сафари Трамп ба Арабистони Саудӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп субҳи 13 май ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ расид ва ин сафари дуюми хориҷии ӯ дар давраи дуюми раёсатҷумҳуриаш мебошад. Сафари аввалинаш ширкат дар маросими дафни попи Рум дар Ватикан дар моҳи апрел буд. Дар ин сафар ӯ бо шоҳзода Муҳаммад бин Салмон вохӯрда дар як ҳамоиши сармоягузорӣ иштирок хоҳад кард. Интизор меравад, ки рӯзи чоршанбе ӯ ба Қатар меравад ва панҷшанбе ӯро дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ интизор мебошанд.
Reuters менависад, ки мавзӯи марказии гуфтугӯҳо дар ин сафар на ҷанг дар Ғазза ё барномаи ҳастаии Эрон, балки муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мешавад.
Бо ин мақсад ба Арабистони Саудӣ соҳибкорони бонуфуз, аз ҷумла, раҳбарони ширкатҳои Blackrock ва Blackstone рафтаанд. Сарватмандтарин шахси сайёра Илон Маск, ки дар маъмурияти президент Трамп вазифаи расмӣ дорад, дар ин ҳамоиш иштирок хоҳад кард.
Дирӯз Трамп ногаҳон гуфт, ки мумкин аст дар ҷараёни сафар ба минтақа дар нақшааш тағйироте ворид кунад ва рӯзи панҷшанбе ба Туркия биравад. Ӯ гуфт, ин сафар дар сурате метавонад барпо шавад, ки он ҷо музокироти мустақими миёни президентони Украина ва Русия барои дастёбӣ ба сулҳ баргузор шавад.
Ташкили чунин мулоқотро президенти Украина Владимир Зеленский пешниҳод кард. Аз ин пеш Путин бидуни мушаххас гуфтани ҳайати намояндагон пешниҳоди барпо кардани мулоқоти мустақимро ба забон овард.
Трамп гуфт, ки агар мулоқот барои дастёбӣ ба натиҷаҳои мусбат умедворкунанда бошад, ӯ ҳам метавонист ба Туркия биравад. То ҳол сафари Путин ва ҳамчунин худи Трамп ба Истамбул тасдиқ нашудааст.
Reuters таъкид мекунад, ки эҳтимолан дар музокираҳои Арабистони Саудӣ мавзӯи оддӣ шудани робитаҳои миёни ин кишвар ва Исроил баррасӣ намешавад. Манбаъҳои оҷонсӣ инро бо мавзеъгирии қотеи ҳукумати Бенямин Нетаняҳу дар робита бо мавзӯи ҳукумати Фаластин ва дастёбӣ ба оташбас дар Ғазза рабт медиҳанд. Риёз ишора кардааст, ки омода аст бо Исроил робита барпо кунад, вале на дар пасманзари амалиёти ҷангии идомаёбанда дар Ғазза.
Дар Русия мехоҳанд барои хабар дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҷоиза дода шавад

Дар Русия мехоҳанд, барои онҳое, ки аз қонуншиканиҳои муҳоҷирон ваё муҳоҷирони ғайриқонунӣ хабар медиҳанд, мукофотпулӣ дода шавад.
Пешниҳод дар ин заминаро вакилони ҳизби «Одамони нав» ба вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ирсол кардаанд. Муаллифони ташаббус тавзеҳ доданд, ки сухан оиди маълумот дар бораи афроде меравад, ки барои будубоши қонунӣ дар Русия бояд сабти ном ва иҷозатномаи корӣ ё худ патент надошта бошанд.
Вакилон ҳамчунин пешниҳод карданд, ки дар сурати қабули қарор дар бораи ихроҷи маъмурии муҳоҷирон ҷарима то 100 ҳазор рубл таъйин гардад. Феълан маблағи ҷарима аз 2 то 7 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Вакилон мегӯянд, нисфи даромад аз ҷаримаи 100 ҳазор рубл ва мусодираи амвол бояд ба шаҳрванде дода шавад, ки муроҷиаташ ба вазорати корҳои дохилӣ барои боздошт ва ихроҷи муҳоҷири ғайриқонунӣ асос шудааст.
Ба бовари вакилон, мавҷудияти мукофотҳои моддӣ барои шаҳрвандон ангезае хоҳад шуд, ки дар бораи ҳузури ғайриқонунии муҳоҷирон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолона хабар диҳанд. Танҳо дар соли гузашта аз Русия зиёда аз 174 ҳазор муҳоҷир ихроҷ карда шудааст, ки дар даҳ соли охир бесобиқа дониста мешавад.
"Сарбозонро маҷбур кард дастҳо ба пушт ва сар ба замин муддати тӯлонӣ биистанд"
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вазири ҳолатҳои фавқулодда Бобек Аҷибековро танбеҳи сахт дод. Рӯзи 11-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки дар он яке аз афсарони вазорати ҳолатҳои изтирорӣ дар қисми низомӣ наваскаронро таҳқир ва бо онҳо бадрафторӣ мекунад.
Дар навор дида мешавад, ки афсар сарбозонро дашном дода, онҳоро маҷбур мекунад, ки чорпо истода, дастҳоро дар пушт ва сарашонро ба замин гузоранд. Тавре маълум шуд, ин ҳодиса ҳанӯз дар моҳи феврал рух додааст, аммо вазорати ҳолатҳои изтирорӣ танҳо як рӯз пеш, вақте навор дар интернет нашр шуд, дар ин бора изҳори назар кард.
Вазир бо сарбозон ва волидони онҳо вохӯрд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот тафтишотро анҷом додаанд ва афсароне, ки аз мақом сӯиистифода кардаву дар таҳқири сарбозон ширкат намуданд, аз мақом барканор шудаанд. Додситонии низомии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Мақомоти назоратӣ хабар доданд, ки парвандаро муфаттишони гарнизони Бишкек баррасӣ мекунанд. Онҳо ҳамчунин гуфтанд, ки барои таҳқиқи пурраи ҳодиса, низомиёне, ки мавриди хушунат қарор гирифтаанд, ба додситонии ҳарбӣ бурда шудаанд.
Меҳтарсолорӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон ҳам мушкили куҳна аст. Соли гузашта чанд сарбози собиқ барои таҳқири наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон ба расонаҳо роҳ меёбад.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расиданд.
Гуфтугӯ