Дар Душанбе ду бозии силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 миёни ду бошгоҳи пойтахт - «Соро компания» ва «Истиқлол - баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарду бозӣ рӯзҳои 12-13-уми май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе доир гардид.
Бозии аввал ба суди «Соро компания» бо ҳисоби 3:2 ба охир расид. Голҳои дастаи ғолибро Идрис Ёров, Дилшод Саломов ва дарвозабони эронӣ Саид Туробидӣ заданд. Голҳои «Истиқлол»-ро Рустам Ҳамидов ва Абдуқаюм Умаров ба самар расонданд.
Дар бозии дуюми силсилаи ниҳоӣ низ “Соро компания” бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд. Замони асосии дидор бо натиҷаи мусовии 2:2 анҷом ёфт. Дар замони изофа футзалбозони «Соро компания» ба дарвозаи «Истиқлол» се гол зада, дар силсилаи ниҳоӣ пирӯзии дуюми худро ба даст оварданд.
Бозии сеюми силсилаи ниҳоӣ миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Соро компания” рӯзи сешанбеи 20-уми май дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе доир мегардад.
Бояд гуфт, ки силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон то се пирӯзии яке аз дастаҳо идома хоҳад кард.
Қаблан дар силсилабозиҳои ниманиҳоӣ “Истиқлол” зери раҳбарии сармураббӣ Александр Дзабирадзе, мутахассси гурҷӣ, бар дастаи “Амонатбонк”-и Душанбе бо натиҷаҳои 4:2 ва 2:1 пирӯз шуда, ба финал баромад.
Дастаи “Соро компания” бошад, бо раҳбарии Пайрав Воҳидов дар силсилабозиҳои ниманиҳоӣ бар тими “Сипеҳр”-и Хуҷанд бо натиҷаҳои 6:3 ва 3:1 ғалаба карда, ба ҳаққи ширкат дар даври ниҳоии Сеперлигаи футзали Тоҷикистон мушарраф шуд.
Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025
Силсилаи ниҳоӣ. Бозии аввал
«Соро компания» - «Истиқлол» – 3:2
Голҳо: Рустам Ҳамидов, 14 (0:1). Идрис Ёров, 22 (1:1). Саид Туробидӣ, 24 (2:1). Абдуқаюм Умаров, 31 (2:2). Дилшод Саломов, 39 (3:2).
Аз бозӣ хориҷ шуданд: Бахтиёр Солиев («Соро компания»), 24, Нуриддин Ҷабборов («Соро компания»), 24, Раҳмоналӣ Шарипов («Истиқлол»), 24, Далер Раҳимов (пизишки «Истиқлол»), 24.
Беҳтарин бозигари дидор: Саид Туробиде («Соро компания»).
12-уми май. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 2000 тамошобин.
Силсилаи ниҳоӣ. Бозии дуюм
«Соро компания» - «Истиқлол» – 5:2
Голҳо: Идрис Ёров, 16 (1:0). Абдуқаюм Умаров, 17 (1:1). Абдукқаюм Умаров, 37 (1:2). Файзалӣ Сардоров, 40 (2:2). Самандар Ризомов, 41 (3:2). Файзалӣ Сардоров, 44 (4:2). Хуго Алвес Кардозо, 46 (5:2).
Беҳтарин бозигари дидор: Файзалӣ Сардоров («Соро компания»).
13-уми май. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози ҶТ. 2000 тамошобин.
Ҳисоби силсилабозиҳои ниҳоӣ – 2:0.
Бозии сеюм
20-уми май (сешанбе)
Оғози бозӣ – соати 19:00
«Истиқлол» - «Соро компания»
Душанбе, “Кохи олимп”