Тавре хабаргузории azerisport.com хабар медиҳад, ба ҷуз аз Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон иштироки худро дар Бозиҳои III ИДМ тасдиқ кардаанд.
Раванди сабти номи ҳайатҳо барои ширкат дар Бозиҳои III ИДМ идома дорад. Холо дар 23 намуд 1659 варзишгар ба кайд гирифта шудаанд. Шумораи умумии аъзоёни хайати вакилони ба қайд гирифташуда 2385 нафарро ташкил медихад.
Аз ҷумла, аллакай шаш кишвар иштироки худро дар намудҳои варзиши даставӣ, аз қабили футбол (U-16), баскетболи 3х3 ва волейбол тасдиқ кардаанд. Дар навъҳои куштӣ, бокс, ҷудо ва таэквондо беш аз 100 варзишгар сабти ном шудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар марҳалаи аввал ҳайатҳои кишварҳои ИДМ аз қайд мегузаранд. Дар марҳалаи дуюм ҳайатҳои ширкаткунандаи бозиҳо бо даъвати махсуси кишварҳои узви ИДМ номнавис мешаванд.
Дар Бозиҳои III ИДМ иштироки варзишгарони 23 кишвар дар назар аст. Бозиҳо аз 28-уми сентябр то 8-уми октябри соли равон дар ҳафт шаҳри Озарбойҷон: Ганҷа, Евлах, Мингачевир, Габала, Шекӣ, Гойгол ва Ханкендӣ баргузор
мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар назар аст, ки дар Бозиҳои III ИДМ тақрибан 5,500 нафар ширкат кунанд.
Аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ
Бозиҳои I кишварҳои ИДМ моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Қазони Тотористони Русия бо иштироки 1100 варзишгар аз 9 кишвар - Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон - баргузор шуда буд.
Тоҷикистонро 51 варзишгар дар 11 риштаи варзиш намояндагӣ кард. Варзишгарони тоҷик 14 медал – 7 нуқра ва 7 биринҷӣ – гирифтанд.
Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон, ки таҳти сарпарастии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд, аз рӯи ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо Русия бо касби 212 медал, аз он ҷумла 111 нишони тилло, ҷойи аввалро соҳиб гашт.
Узбекистон бо касби 90 медал, минҷумла 23 медали тилло, дар ҷойи дувум ва Қазоқистон бо касби 107 медал, аз ҷумла 18 нишони тилло, дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Тоҷикистон баъди Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Қирғизистон мақоми ҳафтумро касб намуда, аз Арманистону Молдова пеш гузашт.
Бозиҳои II кишварҳои ИДМ
Дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, ки аз 4-ум то 13-уми августи соли 2023 дар Беларус доир гардид, 2200 варзишгари 9 кишвари ИДМ (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон), инчунин намояндагони Баҳрайн, Куба, Кувайт, Венесуэла, Ветнам, Малайзия, Миср, Лубнон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Муғулистон, Покистон, Умон ва Эрон ширкат варзида, аз рӯи 20 намуди варзиш рақобат карданд.
Мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дуюм бо шумули ҳудуди 130 нафар аз рӯи 13 намуд иштирок карда, бо касби 13 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар байни 22 кишвари иштироккунандаи бозиҳо ҷои ҳаштумро соҳиб шуд.
Медали ягонаи тиллоро ба Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов дар мусобиқаи бокс дар вазни то 48 кило овард. Зимнан, ин аввалин нишони тиллои мунтахаби Тоҷикистон на танҳо дар бозиҳо дар Беларус, балки нахустин медали варзишгарони тоҷик дар таърихи варзиши тоҷик дар Бозиҳои кишварҳои ИДМ ба шумор меравад.
Дастаи мунтахаби Русия, ки дар даҳ рӯзи бозиҳо 288 медал (149 тилло, 89 нуқра ва 50 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти ҳам сифати нишонҳо ва ҳам теъдоди умумии онҳо мақоми аввалро соҳиб шуд.
Мунтахаби Беларус бо касби 236 медал (48+78+110) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Узбекистон бо касби 106 медал (28+25+53) дар ҷойи севум қарор гирифтанд.
Тоҷикистон дар байни кишварҳои ИДМ танҳо аз Туркманистон пеш гузашт ва нисбат ба Бозиҳои аввал як зина поин шуд. Инчунин теъдоди медалҳои нуқра чаҳор адад кам
гардид. Аммо натиҷаи хурсандибахш он аст, ки варзишгарони тоҷик ин дафъа тавонистанд бори аввал медали тилло бигиранд.
Гуфтугӯ